Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Конибодом
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мунтазам аксияҳои тозагии маҳал ва соҳил гузаронида шуда истодааст.
Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр бо иштироки 250 нафар аҳолӣ, кормандони соҳаи маориф ва хонандагон аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.
Соҳили дарёи Сир аз тарафи иштирокчиёни аксия аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 6 м3 партовҳо ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуданд.