Иштироки фаъолонаи Маркази Орхуси Кумита дар аксияи “Тозагии маҳал”
Санаи 29 октябри соли ҷорӣ Маркази Орхуси Кумита дар якҷоягӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе ва бо ҷалби ризокорон бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист дар кӯчаи Бобо Ҳамдами маҳаллаи Зарафшон барои ташкил ва баргузор намудани аксияи “Тозаги маҳал” иқдом намуд.
Дар аксияи мазкур зиёда аз 200 нафар кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино иштирок намуданд. Тавре аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе хабар доданд, чунин маъракаҳои бунёдкориву ободонӣ дар дигар ноҳияҳои пойтахт низ ташкил карда шуд. Ризокорон пеш аз оғози маърака ба ҳашарчиён барои ғундоштани партовҳо дастпӯшакҳо, халтаҳои калони селофанӣ, ҳамчунин, варақаҳои иттилоотӣ дар бораи зарари партовҳо ба муҳити зистро тақсим намуданд. Сипас онҳо ба занҳои тамизкор кумак расонда, бо белҳои калон партовҳоро ба халтаҳо бор намуда, ба партовҷой бурда рехтанд ва заминро аз алафҳои зардшуда тоза карданд.
Дар як муддати кӯтоҳ кӯчаи Бобо Ҳамдами маҳаллаи Зарафшон аз партовҳо ва алафҳои зардгашта тоза гардида, ба муҳити атроф ҳусни дигар зам шуд. Намояндаи Кумитаи рушди маҳал низ дар аксия иштирок намуда, ба ташаббускорон ва иштирокчиён таҳсину офарин хонд.