Корҳои ободонӣ ва тозагӣ дар шаҳри Ҳисор
29 октябри соли 2022 аз тарафти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор ҷиҳати беҳдошти муҳити зист ва тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр дар якчанд ҷамоат корҳои нақшавӣ бо иштироки сокинони ҷамоати деҳоти Сомон, Алмосӣ ва ҷамоати шаҳраки Ҳисор аксияҳои “Тозагии шоҳроҳ”, “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарию экологии худуди шаҳри мазкур, шоҳроҳи Душанбе–Ҳисор-Турсунзода ва соҳили канали Ҳисор аз партовҳо тоза гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 200 нафар сокинони шаҳр ҷалб гардида, 3800м роҳ ва дар рафти баргузории он ба масофаи 80 метр соҳил ва роҳҳои пиёдагарду нақлиётгузар аз партовҳо тоза карда шуд, инчунин ба миқдори 7,5 метри мукааб партов ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.
Чунин чорабиниҳои экологӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳри Ҳисор пайваста гузаронида мешавад.