Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 ноябр дар толори дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон чорабиниро оғоз бахшида, матни табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ин рӯзи фархундаи давлатӣ қироат намуд.
Зимни сухани табрикотӣ, аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин зиндагии шоистаи мардум воқеан дар заминаи суннатҳои миллиамон таъмин карда мешаванд. Конститутсия ҳуҷҷати таърихиест, ки асосҳои сохтори давлатро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян намуда, дар он муносибати давлат ва шахсиятҳо, озодии сухан, виҷдон ва рафтору кирдори ҳар як шаҳрванд ба таври амиқ ифода гардидааст.
Дар чорабинии тантанавӣ алоҳида кормандони Кумита баромад намуда, аҳамияти гиромидошти ин санаи таърихиро мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор доданд.