Баргузории аксияи экологии “Тозагии роҳ” дар ноҳияи Данғара
Тибқи қарору фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо ҷиҳати ба таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайвата аксияҳои экологӣ, аз ҷумла “Тозагии маҳал”-у “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳ” ба таври дастаҷамъона гузаронида мешавад.
Ҳафтаи сипаришуда бо иқдоми Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур дар ҳудуди ин ноҳия аксияи “Тозагии роҳ” гузаронида шуд. Дар рафти баргузории аксияи мазкур, дар баробари сохторҳои мақомоти ноҳия, ҳамчунин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия низ ҷалб карда шуданд.
Дар натиҷа шафати шоҳроҳи ҳудуди ноҳия аз хасу хошок ва дигар ашёи партофтшуда тоза карда шуд.