Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб
4-уми ноябри соли ҷорӣ дар толорӣ Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Раёсат чорабини идона баргузор гардид. Сардори Раёсат Соҳибов Қ. ҳозиринро бо Рӯзи Конститутсия табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Конститутсия қонуни асосии давлат буда, озодии инсону ҷомеа, фаъолияти бонизом ва шакли давлатдориро кафолат дода, муайян мекунад.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки таҳияи Конститутсия бо ҷалби нерӯҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта буд.