Корҳои биотехникӣ дар Боғи Ғалаба
Бо дастури роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар талу теппаҳои Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” дар ҳамкорӣ бо муассисаи мазкур ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.
Бо мақсади эмин мондани парандагон ва ҳайвонот аз сардиҳои фасли зимистон Сарраёсат дар доираи имконоти мавҷуда ба миқдори 300 кг донагӣ ва 25 баста алафи хушк дар минтақаҳои ҳудуди боғ ҷойгир намуданд. Чунин тадбири муҳим ҳамасола роҳандозӣ гардида, имконият медиҳад, ки парандагон ва ҳайвонот дар сардиҳои фасли дай ғизо пайдо карда, ҳифз гарданд.
Зимни баргузории корҳои биотехникӣ масъулини Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки бо инобати сард омадани зимистони имсола ва ҳифзи олами парандаҳо ва ҳайвонот гузаронидани чунин иқдомот минбаъд низ идома меёбад.