Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
23 январи соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ҷаласаи навбатии ҳафтаинаи Кумита баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи сипаришуда ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи тартиби кори ҷаласа, сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти сорхторҳо бо ҳисоботи таҳлилӣ баромад намуд.
Муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ ва дигар самтҳои марбутаи соҳавиро дар ҳафтаи ҳисоботӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар баробари пурсишу масъалагузорӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дод.
Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.