Аксияи “Тозагии соҳил” дар канали Оқ-қурғон
Ҷиҳати иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе баҳри тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёву каналҳо ва манбаъҳои обӣ дар канали Оқ-қурғони ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аксияи экологии “Тозагии соҳил” доир намуд.
Ҳадафи баргузории аксия тоза намудани каналҳои аз ҳудуди маҳаллаҳо гузаранда, ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузар буда, дар ин баробар ба сокинони маҳалла вобаста ба таъмини тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд.
Дар ҷараёни аксияи мазкур 205 метри тӯлонӣ канали Оқ-қурғон тоза гашта, дар ҳаҷми 255 м3 партовҳои сахти маишӣ ва лойқа бароварда шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тарғиби донишҳои экологӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба масъалаҳои солимгардонии муҳити зист, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва дар доираи амалишавии муқаррароти фасли 5-и Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе амал кардани сокинон дар покнигоҳдории соҳили дарёву канал ва шаҳраку маҳаллаҳо нақши муҳим мебозад.