Дар ҷаласаи ҳарҳафтаинаи Кумита
20 феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита баргузор гашт.
Тибқи тартиби кори ҷаласа, сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти сохторҳо аз 13 то 17 феврали соли равон бо ҳисоботи таҳлилӣ баромад намуд. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар маҷлис масъала оид ба ҷобаҷогузории кадрҳои Сарраёсат, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дастгоҳи марказии Кумита баррасӣ гардид. Раиси Кумита кадрҳои таъиншударо табрик намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи фаъолияти касбиашон ба онҳо тавсияҳои судманд доданд.
Оид ба масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ, аксияҳои экологӣ ва дигар самтҳои марбутаи соҳавиро дар ҷаласа мавриди таҳлил қарор дода, дар баробари пурсишу масъалагузорӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.