Вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти мубориза бо коррупсия
Санаи 20 феврали соли 2023 вохӯрии кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ пешгирӣ аз содиршавии амалҳои коррупсионӣ, рафти иҷрои стратегия ва нақшаҳои амал оид ба масъалаи мазкур ба шумор мерафт.
Дар вохӯрӣ роҳбарият ва кормандони дигари сохторҳои Кумита иштирок намуданд. Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриддинзода Қиёмиддин Шовалӣ, муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ бо кормандон оид ба масъалаҳои корбарию коргузорӣ ва мусоидат барои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ суҳбат намуданд.
Дар вохӯрӣ доир мавзуи матраҳшуда суолҳо дода шуда, аз ҷониби баромадкунандагон ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.