Семинари ибтидоӣ дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии устувории сабз, дар бахшҳои энергетика ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон”
Санаҳои 21 ва 22 феврали соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» шаҳри Душанбе семинари ибтидоӣ дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии устувории сабз, дар бахшҳои энергетика ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Семинари ибтидоӣ бо сухани муқаддимавии Директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷунайдов Муҳибулло оғоз гардид.
Сипас, Павел Чинчера мушовири байналмилалии идоракунии лоиҳаи мазкур дар мавзуи “Муаррифии лоиҳа аз ҷониби коршиносонӣ ҷалбшуда” ва Карел Малек, мушовири байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар мавзуи “Бахши кишоварзӣ ва натиҷаҳои пешбинишудаи лоиҳа” ба тариқи маърӯзаю рӯйнамоҳо баромад намуданд.
Зимнан, дар ҳар як қисматҳои мавзуъҳои мавриди назар суолуҷавоб ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд, ки барои гузоштани қадамҳои ҳамгироёнаи баъдӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои пешбинигардида дар самт мусоидат менамояд.