Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Исфара
Дар асоси барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба иҷрои нақшаи корӣ, ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ дар даромадгоҳ ва маркази шаҳри Исфара аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид.
Дар он кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф, ташкилоту идораҳо, сокинони ҷамоатҳои деҳот ҳамагӣ 3200 нафар иштирок доштанд.
Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара дар рафти аксия ҷӯйборҳо - 3,3 км, ҳудуд - 2,4 км, замин аз алафҳои бегона - 1560 м2 тоза карда шуда, ба партовгоҳ ба миқдори 15 м3 партов бароварда шуд.