Аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» дар ноҳияи Хуросон
Дар асоси барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросини вилояти Хатлон бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист, таъмини беҳдошти солимии ҷомеа дар ҷамоати шаҳраки Обики-ики ноҳияи Хуросон аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» доир гардид.
Дар рафти баргузории чорабинӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 250 нафар иштирок доштанд. Дар доираи аксия 1200 м ҷӯйборҳо ва 500 м роҳҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамчунин, бо иштироки собиқадорон ва сокинон дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе - Бохтар дарахтони ҳамешасабз зиёда аз 500 бех санавбар шинонида шуд.
Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабзи сояафкан ва ороишӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия пешбинӣ гардидааст.