Иштироки раиси Кумита дар маъракаи ниҳолшинонӣ
23 феврали соли 2023 дар яке аз мавзеи қисмати чапи шоҳроҳи Душанбе-Данғара ҳашари дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур ва раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод иштирок намуданд.
Ичунин, кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Норак ва зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштироки фаъол намуданд.
Мавзеи мазкур бо масоҳати 1,5 гектар бо муовифиқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷудо гардида, дар он 1200 бех дарахтони санавбар шинонида шуд.
Баъд аз шинонидани дарахтон гирду атрофи ҳудуди номбурда марҳила ба марҳила бо симтур махкам карда мешавад.