Дар Душанбе ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Швейтсария – 2023 баргузор мегардад
18-20 майи соли 2023 Ҳайатҳои кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Швейтсария тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оранд.
Ҷаласа бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо Фонди глобалии экологӣ ташкил карда мешавад.
Ҳадафи баргузории ҷаласаи мазкур баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии кишварҳо, густариши робитаҳо ва кӯшишҳои дастрасӣ ба иттилоот, қабули масъалаҳои идоракунии ҳавзавӣ, аз қабили тартиботеро, ки кишварҳо аз баррасии татбиқи лоиҳаҳои Фонди глобалии экологӣ маълумот бояд гиранд, дарбар мегирад.
Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки маълумот, фикру мулоҳизаҳо ва табодули таҷрибаи аъзоёни ҳавзавӣ аз рӯи масъалаҳое, ки ба рӯзномаи Шӯрои Фонди глобалии экологӣ ва берун аз он дахл доранд, ба даст оварда шаванд.