Ифтитоҳи расмии Конфронси V оид ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе
16 майи соли 2023 дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ифтитоҳи расмии «Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим» (CACCC-2023) баргузор гардид, ки дар он ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади мувофиқа намудани қадамҳои минбаъда оид ба татбиқи Созишномаи Париж иштирок намуданд.
Иштирокчиёни конфронс дар чорабинии мазкур, ки ду руз давом мекунад, тадбирҳои пешгирии тағйирёбии иқлимро дар минтақа баррасӣ мекунанд. Конфронс бо иштироки намояндагони вазоратҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахши шаҳрвандӣ ва академия баргузор гардида истодааст.
Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ ташкил карда шудааст.
Сухани ифтитоҳиро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир ироа намуд. Дар муаррифӣ аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои мақомоти ҳифзи муҳити зисти минтақа аз рӯи масъалаҳои баррасишуда, аз ҷумла мусоидат ва густариши муколамаи минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба афзалиятҳои миллии иқлим ва маблағгузории иқлим қайд карда шуд.
Дар навбати худ директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова қайд кард, ки Бонки ҷаҳонӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Дар Осиёи Марказӣ бонк ба кишварҳо дар таҳияи стратегияҳои амалии рушди сабз ва ҷалби сармоя барои татбиқи онҳо кумак мекунад.
Дар доираи рӯзномаи ҷаласа як қатор чорабиниҳои иловагӣ низ дар назар гирифта шудааст, ки дар онҳо намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғайридавлатӣ, донишкадаҳо ва созмонҳои ҷавонон ширкат доранд.