Иштироки раиси Кумита дар иҷлоси сатҳи баланд оид ба бозбинии миёнамуҳлати чаҳорчӯби Сендай марбут ба коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ
18 майи соли 2023 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иҷлоси сатҳи баланд оид ба бозбинии миёнамуҳлати чаҳорчӯби Сендай оид ба коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ доир гардид, ки дар он намояндагони воломақоми кишварҳои узви СММ, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарияти СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ба ҳайси намояндаи воломақом иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ, муовини якуми Дабири кулли СММ, намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба коҳиши офатҳои табиӣ ва шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия, ки дар вақти заминҷунбии шадиди имсола дар он кишвар наҷот ёфтааст, суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Б. Шерализода зарурати татбиқи чаҳорчӯби Сендай ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувори Рӯзномаи 2030-ро таъкид намуда, роҷеъ ба чораҳои андешидаи кишвар дар татбиқи ин ҳуҷҷат, аз ҷумла таҳияи стратегияи миллии кишвар оид ба қоҳиш додани хавфҳои офатҳои табиӣ барои солҳои 2022-2027 ибрози андеша намуд.
Иштирокдорони иҷлос вобаста ба дастовардҳо дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои чаҳорчӯби Сендай, инчунин мушкилӣ ва камбудиҳо дар роҳи амалӣ намудани он табодули афкор намуданд.