Аксияи умумишаҳрӣ дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист
3 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аксияи “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳ” баргузор гардид.
Дар аксия бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат коллеҷи тиббӣ, КАТС ва дигар ташкилоту муассисаҳо ба шаҳр баромада кӯчаҳо, лаби ҷӯйборҳо ва бехи дарахтонро аз хасу хошокҳо ва партовҳои маишӣ тоза карданд.