Пурсишҳои сотсиологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Ҷиҳати иҷроиши барқияи Кумита, иҷроиши нақша чорабиниҳои Барномаи маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша ҷорабиниҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ барои беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар давоми моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ пурсиши сотсиолгӣ гузаронида шуд.
Аз рафти пурсиш муайян гардид, ки қисми мардум доир ба муҳити зист тасаввурот надоранд. Дар байни аҳолӣ аз ҷониби мутахассисон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Оиди ҳалли мушкилотҳои экологӣ аз ҷониби посухдиҳандагон якчанд пешниҳодҳо ироа гардида аз тарафи мутахассисон пазируфта шуд.