Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Турсунзода
Бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва бо мақсади ободу зебо ва хуррамнамоии муҳити атроф дар ҷамоати деҳотҳои Навобод ва Регари шаҳри Турсунзода аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.
Зиёда аз 100 нафар иштирокдорони аксия, ки кормандони ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда буданд, бо амалӣ намудани корҳои дастаҷамъона соҳили дарёҳо ва ҷӯйҳоро аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ин тадбир дар доираи татбиқи ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», сурат гирифт.
Мо бояд маҳалли зист, шаҳр ва Ватани маҳбубамонро танҳо худамон тозаву хуррам ва ободу мунаввар намоем, барои дигарон намунаи ибрат бошем.