Баррасии масъалаҳо дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
19 июни соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти мақомот ва марказу муассисаҳои тобеи он дар ҳафтаи аз 1 то 16 июни соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи тартиби кори ҷаласа, сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти сохторҳо бо ҳисоботи таҳлилӣ баромад намуд. Пас аз ироаи ҳисоботи таҳлилӣ муовини якуми раиси Кумита З. Қиёмзода рафти иҷрои талаботи ҷорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои идориро аз масъулони соҳавӣ пурсон шуд.
Пас аз натиҷагирию арзёбӣ гардидани масъалаи рӯзномаи ҷаласа, бо назардошти супоришҳои барои ҳафтаи навбатӣ додашуда ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул гардид.