Минтақахои сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат намои тоза мегиранд
Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати ободу зебо гардидани диёри биҳиштосоямон, зебогии табиат ва ҷалби бештари сайёҳон 21 июни соли ҷорӣ дар минтақаи Архуи ҷамоати деҳоти Ромит корҳои ободонӣ, дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ кормандони шуъба якҷоя шуда қитъаҳое, ки дар мавсими зимистон ва баҳор, дар натиҷаи боришоти зиёд каме хароб гардида буданд, дубора онро барқарор намуда, ба як макони хубу истироҳатӣ табдил доданд. Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат нақша дорад, ки дар оянда чунин иқдомҳоро бештар ба роҳ монаду дар рушди ин соҳа саҳми натиҷабахши худро гузорад.