Ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон
24 июни соли 2023 бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ифтитоҳ карда шуд. Дар расми ифтитоҳи бинои мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки имрӯз мардуми шарафманди тоҷик дар тамоми гӯшаю канорҳои мамлакат, инчунин ҳамватанони мо дар мамлакатҳои хориҷи кишвар бо саодатмандию хушиқболӣ арзишмандтарин иди давлатӣ- 26 солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарафмандона қайд менамоянд, ки бо ин санаи тақдирсоз тамоми дастовардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию маънавии кишварамон зич алоқаманд аст.
Ба истифода супоридани бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Балҷувон низ шарофати ваҳдату ҳамдилии мардуми тоҷик аст, ки он муҳимтарин ва арзишмандтарин дастоварди замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад-қайд гардид, зимни суханронӣ.
Бояд тазаккур дод, ки бо шарофати ғамхории доимии Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита дар тозаю озода нигоҳ доштани табиати биҳиштосои мо, корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла, беҳтар намудани шароити фаъолияти мақомоти зертобеи худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сол то сол корҳои зиёде амалӣ карда истодааст. Ин кор махсусан дар доираи омадагӣ ба ҷашнвораҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза касб кардааст.
Сохтмони бинои маъмурии Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Балҷувон соли 2018 оғоз ёфта буд. Фармошгари он Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аркон” ва корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоир сохтмон” ва “Сабо ширкат” бо сифати баланд ба итмом расонидаанд.
Бино аз 2 ошёна иборат буда, дорои 4 утоқи корӣ, китобхона, 1 маҷлисгоҳи хурд ва меҳмонхона барои пазироии меҳмонон мебошад. Маблағгузории пурраи сохтмони бино ва хариди таҷҳизот дар ҳаҷми 2,0 млн сомонӣ аз ҳисоби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштааст.
Барои лоиҳакашон, сохтмончиён, шахсоне, ки дар сохтмони ин иншоот саҳми худро гузоштааст, минатдории худро баён менамоям.
Фаъолияти корӣ дар чунин бинои замонавӣ, истифодабарии техникаи компютерӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда кормандони соҳаро водор месозад, ки вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланди шаҳрвандию касбӣ иҷро карда, дар пешрафти минбаъдаи ноҳия саҳми арзандаи худро гузоранд.