Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ рӯзҳои 1-2 июли соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Мушкилоти биёбоншавӣ, таназзули замин, хушксолӣ ва нақши занон дар мубориза ба ин мушкилотҳо баргузор гардид.
Иқдоми мазкур аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии котиботи Конвенсияи мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) гирифта шуд. Дар маъруза олимони Тоҷикистон, инчунин намояндагони кишварҳои Белоруссия, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдавия, Россия ва Туркманистон иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар конференсия ҳамчунин, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуда, фаъолияти худро дар мубориза бар зидди биёбоншавӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Котиботи Конвенсия оид ба мубориза бо биёбоншавӣ ба Кумита барои ҳамкории судманд ва ташкили хуби конфронси байналмилалӣ изҳори сипос намуд.