Баргузории аксияи "Тозагии маҳал" дар шаҳри Бохтар
Дар асоси нақша – чоранибиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бохтар ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ободу зебо гаштани шаҳр дар тамоми маҳалаҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри мазкур аксияи "Тозагии маҳал" доир карда шуд.
Дар ин чорабинӣ кормадони шуъбаи маориф, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, кормадони соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва ҳамчунин сокинони шаҳр бо ҳисси баланди вандӯстӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро гузоштанд.
Ҳамчунин тоза намудани қадди роҳҳо аз партовҳо амалӣ гардида, зиёда аз 16 куб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуд.