Машғулиятҳои экологӣ дар истироҳатгоҳи “Шарора”
Ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ ва баҳри амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тибқи нақша чорабиниҳои муштараки Сарраёсати ҳифзи муҳити зист бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе суҳбату вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва истироҳатгоҳҳо доир карда шуд.
Бо мақсади тарғиби донишҳои экологӣ, солимгардонии муҳити зист, маърифатнокии экологии ҷавонону наврасон ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар Истироҳатгоҳи “Шарора” вохӯрии кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бо хонандагон-истироҳаткунандагон роҳандозӣ гардид.
Дар оғоз, масъули Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки бо қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе 4 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ амал мекунад, ки 4192 нафарро фаро гирифта, дар ин истироҳатгоҳҳо маҳфилҳои “Табиатшиносон” амал мекунад. Гузашта аз ин, таҳти роҳбарии муаллимон пайваста викторинаҳои экологӣ доир гашта, таваҷҷуҳи хонандагон-истироҳаткунандагон ба масъалаҳои мубрами экологӣ ҷалб карда мешавад.
Гуфта шуд, ки тарбияи экологӣ аз хона, муассисаи таълимӣ оғоз гашта, сипас дар ҷомеа шакл мегирад. Бо инобати баланд бардоштани завқи маърифатнокии экологии ҷавонону наврасон, солимгардонии муҳити зист, бедор намудани меҳри табиатдӯстӣ дар зеҳни насли наврас, ҷалби таваҷҷӯҳи онҳо ба масъалаҳои ободонию созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист дар доираи амалишавии “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025” аз ҷониби мақомоти ваколатдор-Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ин давра 52 суҳбату вохӯриҳо дар муассисаҳои таълими пойтахт роҳандозӣ гардид.