Забони тоҷикиро софу беолоиш нигоҳ медорем
14 августи 2023 зимни маҷлиси ҳафтаинаи шӯъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати иҷрои банди 3-и нақша-чорабиниҳои шуъба оид ба софу беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ сармутахассиси шуъба баромад намуд.
Зикр карда шуд, ки ҳар яки хизматчиёни давлатӣ вазифадор аст, ки қоидаҳои забони давлатиро риоя кунад, то ки забон софу беолоиш бимонад.
Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ яке аз муқаддасоти миллии мо ба ҳисоб рафта, дар баробари Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ҷойгоҳи хосу эҳтиромиро сазовор аст.