Аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии роҳ” дар ноҳияи Рӯдакӣ
Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ аксияи “Тозагии маҳал” бо иштироки 68 нафар сокинони деҳаи Комсомол гузаронида шуда, 700 метри роҳҳои деҳаҳо аз партовҳо тоза карда шуда, 8 метри куби партовҳо бароварда шуд.
Инчунин, дар шоҳроҳи Душанбе – Ёвон аксияи “Тозагии роҳ” бо иштироки 188 нафар сокинони Оли – Сомон, Кишоварз ва Шараф баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур 1000 метр шафати роҳ аз партовҳои полиэтиленӣ, пластикӣ ва сахти маишӣ тоза намуда, 8 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуд.