Баргузории аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Кӯшониён
Дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён баҳри дар сатҳи баланд ва хубу хотирмон таҷлил намудани 32-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, 2 сентябри соли 2023 бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи экологӣ, вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, бо ҷалби сокинони касбу кори гуногун дар ҳудуди ҷамоатҳо, шаҳраку деҳот аксияи “Тозагии маҳал” баргузор карда шуд.
Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Кӯшониён Маҳмадзода Манучер дар суҳбат изҳор дошт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузург дар таърихи давлатдории ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Истиқлолият мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст.
Аз ин лиҳоз ҳар ҳафта дар ҷамоату деҳоти ноҳия тозакориҳо бо сураъати баланд идома дорад ва кушиш дорем то дар ҳифзи муҳити зист ва тозагии маҳал саҳми арзандаи худро гузорем.