Партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ хокпӯш карда шуд
Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, пешгирии таъсири зарарноки партовҳо ба саломатии инсон ва муҳити зист аз тарафи КДФ «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ хокпӯш карда шуд.
Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ масоҳати умумии партовгоҳ 5 гектар буда, 2 га бо ҷалби техника ҳамвор ва хокпӯш гардидааст.