Дар ҳамоиши ҷашни табиат бахшида ба 20-солагии Парки табиии таърихии Сари Хосор
30 сентябри соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ҳамоиши ҷашни табиат бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Парки табиии таърихии “Сари Хосор” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши ҷашнӣ роҳбарияти Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” сардорон ва дигар кормандони соҳавӣ аз дастгоҳи марказӣ, шуъбаҳои зертобеъ дар маҳал, Паррки табиии таърихии “Сари хосор”, роҳбарият ва намояндагони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон иштирок намуданд.
Дар аввали чорабинӣ иштирокдорон, аз намоишгоҳи кишоварзии ноҳияи Балҷувон, ки бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Парки табиии таърихии “Сари Хосор” ташкил гардида буд, дидан намуданд.
Сипас, бо сухани муқаддимавӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон баромад намуда, 20-солагии таъсисёбии Парки табиии таърихии “Сари Хосор”-ро ба ҳозирин, кормандони Парки мазкур табрику таҳният намуд. Қайд карда шуд, ки дар зарфи 32-соли Истиқлолияти давлатӣ, зери сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуботи низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъмин гардида, соҳа ба дастоварду нишондиҳандаҳои назаррас ва бесобиқа ноил гардид. Парки табиии "Сари Хосор" соли 2003 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додашуда, мақсадии асосии он ҳифз ва нигоҳдории ҷангалҳои паҳнбарг ва мезофилии Тоҷикистони марказӣ, олами ҳайвоноти хоси минтақаи мазкур ва ҳамчунин рушди сайёҳии экологӣ ва илмию маърифатӣ мебошад.
Дар чорабини мазкур раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр низ иштирок ва суханронӣ намуд. Бояд тазаккур дод, ки дар рушду инкишоф ва муҳофизати Парки табиӣ таърихии сари Хосор Мақомоти иҷроияи маҳал низ саҳми шоиста дорад.
Мақсади ташкил намудани Парки табиии «Сари Хосор» – таъмини нигоҳдории ҷангалҳои паҳнбарг ва мезофилии Тоҷикистони марказӣ ва маҷмааи ҳайвоноти дар он буда, инчунин рушди сайёҳии экологӣ ва илмию маърифатӣ мебошад. Масоҳати Парки табиии «Сари Хосор» 3805 гектарро фаро гирифта, бинобар мавқеи ҷойгиршавӣ ва биогеографӣ Парки мазкур дорои экосистемаи хос ва бойю гуногунранг мебошад. Маврид ба зикри хос аст, ки Парки табиии «Сари Хосор» дар минтақаи Осиёи Марказӣ беҳамто мебошад ва бойигарии хосро ҷангалҳои кӯҳӣ, ки аз чормағззорҳо ва якчанд намуд дарахтони мевадиҳандаи ёбоӣ ва дигар намуди олами наботот иборатанд, ташкил медиҳанд.
Дар охир аз тарафи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти меҳнатии кормандони Парки мазкур ба ҳар як корманди муассисаи мазкур сару либоси махсус ва ба Парк як адад нақлиёти тамғаи НИВА тақдим карда шуд.
Дар охир ҳунармандон бо намоиши барномаи фарҳангӣ хотири иштирокдоронро шод намуданд.