Семинар на тему «Таджикистан – инициатор экологических инициатив»
Аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии обуҳавошиносӣ ҳамасола дар мавсимҳои сол ҷиҳати муайян намудани захираи барф ва ҳолати пиряхҳои кишвар корҳои тадқиқотӣ-омӯзишӣ, экспедитсияҳо ва мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронида мешавад.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” санаи 26 сентябри соли ҷорӣ дар пиряхҳои болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва корҳои тадқиқотӣ-саҳроӣ гардид, ки дар рафти он мутахассисони соҳавӣ, аз ҷумла бевосита раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло иштирок доштанд.
Мутахассисони соҳавӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати кунунии пиряхҳои болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон мушоҳидаҳои аэровизуалиро дар болои пиряхи мавзеи мазкур гузаронида, дар забонаи пирях бошад бо истифода аз таҷҳизотҳои соҳавӣ корҳои амалӣ ва тадқиқотиро амалӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.