Тасдиқи нақшаи сабзкорӣ дар шаҳри Душанбе
Ҷиҳати таъмини сарсабзию шукуфоии гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва ободу зебо намудани қитъаҳои алоҳидаи ноҳияҳои пойтахт дар доираи талаботҳои агротехникӣ шинонидани дарахту бутта ва гулу сабзазор тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар шаҳри Душанбе» шинонидани 138 768 бех ниҳол, ба миқдори 12 565 098 дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва дар майдони 138 443 м2 кишти майсазор ба нақша гирифта шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки мутобиқ ба қарори марбутаи мақомоти шаҳрдорӣ дар тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 265 185 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда, буттагӣ ва 15 947 307 дона гул шинонида шуд, ки аз ин 7214631 дона гулҳои мавсимӣ, 3 031 759 дона гулҳои бисёрсола ва 5 700917 дона гули лола мебошад.
Гузашта аз ин, бо инобати саросар сарсабз гардидани талу теппаҳои ҳалқаҳои сабзи шаҳри Душанбе дар теппаҳои маҳаллаи Лучоб, Сари Осиё, Обшорон, Гулдара ва ҳудуди МД “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо саҳмгузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута дар доираи ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахт ба миқдори 58163 адад шинонида шуд.
Парвариши гулҳои мавсимӣ дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии “Сабзкорӣ”-и шаҳри Душанбе бо истифода аз усулҳои парвариши муосири гулпарварӣ ба роҳ монда шуда, дар муҳлатҳои муайян шинонидани гулҳо дар гулгашту хиёбонҳои амалӣ мегардад.