5 ОКТЯБР - РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ИТТИҲОДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ТАБИАТ
5 октябри соли 1948 Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ – IUCN - International Union for Conservation of Nature and Natural Resources) таъсис дода шуд, ки қароргоҳаш дар Гланд (Швейтсария) воқеъ гардидааст.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, бо пешниҳоди маълумоту хабарҳо доир ба мушкилоти ҳифзи гуногунии биологии сайёра ва тартиб додани феҳристи намудҳои гуногунии биологӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра, ки ба муҳофизати махсус ниёз доранд, дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳамоишҳоро ташкил ва баргузор менамояд. ИБҲТ рисолати худро дар он медонад, ки ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони фаъол барои муҳофизати маҷмӯӣ ва гуногунии табиат ёрй расонад.
Маҳз Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат идеяи таҳияи Китоби Сурхи байналмилалӣ - феҳристи намудҳои ҳайвонот ва набототи дар зери хатар қарордоштаро пешниҳод намуд. Ин ташаббус аз соли 1963 инҷониб роҳандозӣ мегардал. Аз соли 1979 инҷониб ҳуҷҷати расмии барномавии ИБҲТ “Стратегияи умумиҷаҳонии ҳифзи табиат” мебошад.
Айни замон ИБҲТ дар Маҷмаи Умумии СММ мақоми нозирӣ ва дар ЮНЕСКО мақоми мушовириро дошта, 82 кишвар, 111 муассисаи давлатӣ, зиёда аз 800 созмони ғайриҳукуматиро муттаҳид мекунад, қариб 10 ҳазор нафар олимону мутахассисони 181 мамлакати ҷаҳон аъзои ин ташкилот ҳастанд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи Барномаи ҳифзи муҳити зисти СММ санаи 3 марти соли 2022 мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва Директори Генералии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат доктор Бруно Оберле баргузор гардида буд.
Зимни мулоқот ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Кумита ва IUCN таваҷҷуҳи махсус дода шуда, самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи ҳифзи табиати вуҳуш, намудҳои нодири ҳайвоноту наботот ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ бо фондҳои ҷаҳонӣ муайян карда шуданд.
Директори Генералии Иттифоки байналхалкии мухофизати табиат қайд кард, ки IUCN ният дорад фаъолияти худро дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти фаъолияти илмӣ ва нашри муштараки коршиносони IUCN ва мутахассисони тоҷик густариш диҳад.