Аксияи "Тозагии маҳал" дар шаҳри Бохтар
8-уми октябри соли равон дар асоси нақша чоранибиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист, идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри болозикр, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштан, беҳтар намудани вазъи экологӣ дар тамоми нуқтаҳои партовпартоии шаҳри Бохтар аксияи "Тозагии маҳал" доир карда шуд.
Дар аксияи "Тозагии маҳал" наздики 350 куб партов тавассути техникаҳои махсус ба партовгоҳи умумӣ, ки дар шаҳри Сарбанд ҷойгир аст кашонида шуд.
Бо анҷоми корҳои солимгардонӣ иштирокчиёни аксия баробари тоза кардани нуқтаҳои махсуси партовпартоӣ аз ҷониби кормадони шуъбаи ҳифзи муҳити зист, идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри мазкур тавассути заҳрхимикатҳо баҳри пешигирӣ аз ҳар бемориҳои сириятӣ корҳои безараргардонӣ анҷом дода шуд.