Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисон ва коршиносонро, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, барои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист ба ҳамкорӣ даъват менамояд.
Муроҷиаткунандагон бояд малака ва таҷрибаи хуби корӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дошта бошанд ва уҳдадориҳои талаботи шартномаи басташударо тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ пурра ва мукаммал иҷро карда тавонанд.
Кумита тибқи шартномаи басташудаи тарафҳо, бо назардошти ҳаҷми кори анҷомдодаи иҷрокунанда пардохти музди онро, ки дар шартномаи басташуда дарҷ гардидааст кафолат медиҳад.
Хоҳишмандон метавонанд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин:
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (справка-объективка);
- маълумотнома оид бба надоштани доғи судӣ
- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;
- маълумотнома аз ҷои кори охирон.
ба дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суроғаи ш. Душанбе кӯч. Шамсӣ 5/1 ё суроғаи электронии info@tajnature.tj муроҷиат намоянд.
Телефон барои маълумоти иловагӣ 235-44-30