Дар ҷаласаи навбатии назди раиси Кумита
23 октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумитаи мазкур баргузор гардид, ки дар он фаъолияти раёсату шуъба ва марказу муассисаҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи аз 16 то 21 октябри соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳисоботи таҳлилӣ аз тарафи муовини сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Қосимова Гулбаҳор қироат карда шуд.
Дар рафти баргузории ҷаласа, ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об Раҳимов Мирсаид оид ба натиҷаи сафари хизматии вобаста ба санҷиши ҳолати экологӣ дар алоҳида шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки қаблан тибқи фармоиши раиси Кумита бо раёсатҳои дигари назоратӣ сафарбар гардида буданд, ҳисобот манзур намуд.
Зимни баргузории ҷаласаи назорати аз тарафи раиси Кумита Шерализода Б. А. ҳамаи масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба алоҳида масъулини иҷро барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани баъзе самтҳои фаъолияташон супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Пас аз натиҷагирию арзёбӣ гардидани масъалаи рӯзномаи ҷаласа, бо назардошти супоришҳои додашуда ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул гардид.