Вохӯрӣ бо ҷавонони Кумита дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ”
24 октябри соли 2023 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бинои Кумита вохӯрӣ дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Мақсади ҷамъомад фаҳмонидани муҳтавою моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки 24 декабри соли 2022, № 1920 қабул шудааст, инчунин татбиқи самтҳои афзалиятноки “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризму экстремизм барои солҳои 2021-2025» буд.
Гуфта шуд, ки ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа буда, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Роҳбари давлат пайваста дар суханрониҳояшон нисбат ба қишри фаъоли ҷомеа – ҷавонон изҳори бовариву эътимод намудаанд. Имрӯз барои тақвияти ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, инчунин раҳоӣ аз буҳронҳои идеологиву бегонапарастӣ зарурат пеш омадааст, ки тарбияи ватандӯстӣ таҳким бахшида шавад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ ватандӯсту хештаншинос будан ва барои рушди Тоҷикистон саҳм гузоштан аст.
Дар охир аз тарафи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон як қатор ҷавонони фаъоли Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуд.