Семинари экологӣ
Бо мақсади иҷрои "Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025" ва бо инобати амалишавии барномаи мазкур тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки Сарраёсати ҳифзи муҳити зист бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар МТМУ №72- и ноҳияи Фирдавсӣ семинари экологӣ дар мавзуи "Пиряхҳои Тоҷикистон-манбаи обҳои ширин" баргузор гардид.
Озода Юлдошева, директори муассисаи мазкур суханронӣ намуда, зикр намуд, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналхалқӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шуда, бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Мутаҳид соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул гардид.
Дар ҷараёни семинар, Акрампур Саидаҳмад, намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, афзуд, ки бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Маркази омӯзиши пиряхҳо" таъсис ёфта, дар давоми фаъолият дар ин самт экспедитсия ва тадқиқотҳои илмӣ анҷом додааст.
Дар фарҷоми семинар хонандагон оид ба пиряхҳо, макони ҷойгиршавии онҳо, захираҳои мавҷудаи пиряхҳо ва калонтарин дарёҳои аз пиряхҳо сарчашма гиранда, маълумотҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.