Боздиди муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлолият дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ
Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ ҷиҳати омодагиҳо бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ сафар анҷом дод.
Дар рафти сафар муовини раиси Кумита бо фаъолон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо вохӯриҳо доир намуда, аз рафти корҳои банақшагирифташуда шиносоӣ пайдо намуд.
Муовини раиси Кумита Раҳмонзода Л.Ш. бахшида ба 33-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро ба ин санаи муқаддаси миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Пас аз он, аз намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ва ашёву лавозимоти рӯзгори ниёгонамон дар мисоли ҳунарҳои мардумӣ дидан намуд.
Дар рафти чорабинӣ ба як қатор кормандони идораву муассисаҳо диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд.
Идомаи чорабиниро базми идона бо тараннуми сурудҳои ҷаззоб дар васфи Ватан, Истиқлолият зиннат бахшид.