Ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Остона
18 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони кишварҳои ҳадафманди Фонд, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои об иштирок намуданд.
Дар ҷаласа 6 қарори ҷамъбастӣ ба имзо расид, ки дар байни онҳо Нақшаи кори Кумитаи иҷроия, ҳисобот дар бораи рафти татбиқи Барномаи амалҳо оид ба кумак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал (ПБАМ-4) ва натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи навсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ (CAHMP) тасдиқ карда шуд.
Дар маҷлис вохӯрии муҳими шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо иштироки донорҳои байналмилалӣ ва шарикони лоиҳаҳо дар доираи фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид. Ин раванд имкон дод, ки ташаббусҳои ҷорӣ ва оянда, ки ба наҷот ва барқарорсозии экосистема дар минтақаи ҳавзаи баҳри Арал равона шудаанд, муҳокима карда шаванд.
Дар маҷмӯъ, ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Остона қадами муҳим дар роҳи ҳифзи кӯл ва беҳтар кардани вазъи минтақа буд. Иштирокдорони чорабинӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ ва саҳм гузоштан дар иҷрои вазифаҳои дар назди фонд гузошташуда, бо мақсади наҷот додани захираи беназири табиии таҳдидшавандаи баҳри Арал, изҳор доштанд.