Вохӯрии раиси Кумита бо сафир ва роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА
Санаи 10 январи соли 2025 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо ҷаноби Вилли Кембел, сафир ва роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор гардид.
Дар доираи вохӯри масъалаҳои ҳамкориҳо байни Кумита ва САҲА, дастовардҳо дар соли 2024, ҳамкориҳо барои соли 2025 байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва САҲА, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷанбаҳои ҳуқуқии сиёсати экологӣ ва иқлимӣ, инчунин масъалаи лагерҳо барои тавонмандсозии ҷавонон дар самти тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳусни тафоҳум намуда, дар мавриди ҳамкориҳои зичу мутақобилан судманд ба мувофиқа расиданд.
Дар хотима раиси Кумита Шерализода Б. А., ҷаноби Вилли Кембелро барои вазифаи нав таъйин гардидан табрик намуда, дар корҳои ояндаашон муваффақият орзу намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҳамаи мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта шуданд.