Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Спитамен
Дар асоси нақшаи корӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар наздикии соҳили дарёи Сир корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.
Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии резаи гандум - 350 кг, ҷуворимакка - 200 кг., резаи биринҷ – 150 кг пошида шуд.