Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» дар ноҳияи Ховалинг
Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ховалинг, баҳри иҷрои супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои ободонию солимгардонӣ дар шафати роҳҳои автомобилгарди ноҳия аксияи «Тозагии шоҳроҳ»-ро баргузор намуд.
Дар ин чорабинӣ беш аз 60 нафар фаъолон иштирок намуда, дар натиҷа ба миқдори 3 м3 партовҳои маишӣ тоза гардида, партовҳои ҷамъгардида ба воситаи як адад техникаи партовкашон ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.