Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Ховалинг - Восеъ
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои мусоид дар шоҳроҳи Ховалинг - Восеъ маъракаи дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.
Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок доштанд, ки дар ин ҳашар беш аз 550 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи сосна бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуд. Корҳои ободониву солимгардонӣ дар ин самт идома дорад.