Чорабиниҳои ободонию кабудизоркунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хорӯғ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Кӯлоб, мавзеъи «Сариосёб», корҳои ободонию кабудизоркунӣ босуръат идома доранд.
Дар доираи ин тадбирҳо, зиёда аз 400 ниҳоли дарахти шулаш, 350 ниҳоли акация ва 600 ниҳоли дарахтони сӯзанбарг бо тарзу усули хос шинонида шуданд. Илова бар ин, дар масофаи зиёда аз 40 метр, навиштаҷоти зери шиори «Пешвои мо – ифтихори мост» дар баландии зиёда аз 1400 метр аз сатҳи баҳр тасвир карда шуд.
Чорабиниҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ин минтақа бо суръати баланд идома дошта, ҳадафи асосии онҳо беҳбуд бахшидан ба муҳити зист ва зебосозии муҳити шаҳр мебошад.