Баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Норак
Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Норак аз нақби «Озодӣ» то нақби Шар-Шар аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шаҳроҳ» бо ҷалби сокинон ва кормандони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур зиёда аз 120 нафар иштирок дошта, шафати роҳҳо аз алафҳои бегона ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, 4,5м/куб партовҳои ҷамъоваришуда ба партовгоҳ интиқол дода шуданд.