Чорабинии илмӣ–адабӣ дар мавзуи«Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон» дар муассисаи таълимии шаҳри Хуҷанд
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хуҷанд чорабинии илмӣ–адабӣ таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон» бахшида ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд иштирок дошта, аз ҷониби хонандагони синфҳои 2–9 муассисаи таълимӣ дар бораи пиряхҳо ва обҳои Тоҷикистон, тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март «Рӯзи байналмилалии пиряхҳо» намоиш ва маълумот пешниҳод карда шуд.
Боиси қайд аст, ки як қатор дарсҳои кушоди намунавӣ дар мавзуи «Об манбаи ҳаёт» дар синфи 6 доир ба сариштакорӣ ва аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, «Олами наботот ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон» дар синфи 3 оид ба ҳифз намудани олами наботот баргузор гардида, инчунин таҷрибаи самти кимиёвӣ низ вобаста ба мавзуъ намоиш дода шуд.
Дар охири чорабинӣ ба китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хуҷанд аз номи сарраёсат 2 ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.