Дар ноҳияи Мастчоҳ татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд
Тибқи нақшаи кори Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд барои соли 2025 фаъолияти чунин Комиссияи байниидоравии минтақавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Дар натиҷа маводи ҷойдоштаи ҳамаи сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дахлдор санҷида шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳо дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии агросаноатии ноҳияи Мастчоҳ» бо иштироки хонандагону омӯзгорон вохӯрӣ доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, муаммоҳои глобалии экологӣ дар самтоҳи ҳифзи ҳавои атмосфера ва захираҳои об, муҳиммияти баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзуъ сармутахассиси сарраёсат изҳори ақида намуд.
Дар охири чорабинии иттилоотӣ ба китобхонаи литсейи мазкур 2 ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» аз номи Сарраёсат тақдим гардид.